Shoping Cart

Your cart is empty now.

Shoping Cart

Your cart is empty now.

$4.99

ИБОДУЛЛОҲИ СОЛЕҲ (Солиҳов Ибодулло Саъдуллоевич) 5 - уми январи соли 1962 дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар муассисаи таҳсилоти ҳамагонии ҳамин деҳа солҳои 1969-1979 таҳсил намудааст. Солҳои...

  • Book Name: Ibudo Salihov-Tajikistan-Vol. 3-ҶАҲОНЕ ДАР ЧАҲОР САТР
  • Author Name: Prodigy Published
  • Product Type: E-book
  • Item Publish Date: 2022 / 01 / 11
Guaranteed checkout:
amazon payments master paypal american express apple pay google pay bitcoin
ИБОДУЛЛОҲИ СОЛЕҲ (Солиҳов Ибодулло Саъдуллоевич) 5 - уми январи соли 1962 дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар муассисаи таҳсилоти ҳамагонии ҳамин деҳа солҳои 1969-1979 таҳсил намудааст. Солҳои 1981 - 1983 дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Соли 1983 ба Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1988 бо ихтисоси зоомуҳандис хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Айни замон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад. Ба эҷод намудани шеър завқи беандоза ва маҳорати баланди табиӣ дошта бо тахаллусҳои “Ҳоҷӣ” ва “Солеҳ” шеър мегӯяд. Шоир дар баробари мавзӯъҳои меҳанпарастонаю хештаншиносона ишқи поки зиндагиро ба риштаи назм кашидааст. Ӯ таносуби сухан ва истифодаи санъатҳои бадеиро дар шеърҳояш моҳирона истифода бурда, доимо дар ҷустуҷӯи тасвиру образҳои тозаи баланди бадеӣ аст. Дар офаридаҳояш шебу фарози зиндагиро бо ишқу муҳаббати беандоза ба риштаи назм кашидааст.
ИБОДУЛЛОЊИ СОЛЕЊ

Ибодуллоҳи Солеҳ маҳорати баланди тарҷумонӣ дошта шеърҳои шоирони классику муосири хориҷиро бо забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаҳояш аз тарафи тарҷумонҳо ва муҳаққиқони хориҷӣ баҳои баланд дода шудааст. Шеърҳои Ибодуллоҳи Солеҳ бо бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудааст, аз ҷумла бо забони англисӣ аз ҷониби Сантош Кумар, франсузӣ Надежда Валеева, португалӣ Фатима Гаймеро ва Хорхе Сегуаре, бенгалӣ ва арабӣ Салма Хан, русӣ аз ҷониби академики МАРЛИ Людмила Садовская, узбекӣ Аслиддин Қамарзодаи Самарқандӣ, қазоқӣ аз тарафи Айнур Кумарханова ва дигарон тарҷума шудааст. Намунаҳои ашъораш дар маҷаллаҳои даврии ватанӣ ва хориҷӣ пайваста нашр мешавад. Китоби нахустинаш таҳти унвони «Ишқи Зиндагӣ» бо ҳуруфоти сириллик ва форсӣ ба нашр расида, маҷмӯаи дуюмаш бо номи «Сад ғазал ва сад дубайтӣ» дастраси хонандагон шудааст. Эҷодиёташ дар маҷмӯаҳои дастҷаъмонаи «Суханварони Зарафшон», «Баёзи панҷгона», «Гулзори мухаммас» ва китоби «Муруре ба шеъри муосири тоҷик» дар Афғонистон ба чоп расидааст. Узви Иттифоқи Нависандагони Амрикои Шимолӣ (СПСА) ва Аъзои Академияи Ҷаҳонии Шеър мебошад.

You may also like

Contrary to popular belief, Lorem Ipsum is not simply random text. It has roots in a piece of classical

Translation missing: en.general.search.loading